Пайвандҳои дастрасӣ

Нармиш дар равобити Туркия ва Арманистон


Президенти Туркия, Абдуллоҳ Гул имрӯз бо як сафари кӯтоҳ, аммо таърихӣ аз Еревон дидан кард. Ин сафари ӯ бо даъвати ҳамтояи арманаш Серж Саркисян ва расман барои тамошои муштараки бозии футбол миёни дастаҳои миллии ду кишвар сурат гирифт. Дар нишасти хабарии муштарак Гул гуфт, умедвор аст, ки ин сафар шароитеро барои беҳбуди равобити дуҷониба ба миён хоҳад овард. Саркисян гуфт, ҳоло иродаи сиёсие дар миён аст, ки метавон дар ҳалли масъалаҳои байни ду кишвар тасмим гирифт ва онҳоро барои наслҳои оянда мерос нагузошт. Ин нахустин раҳбари давлати Туркия ба Арманистон аз замони истиқлолияти Арманистон дар соли 1991 мебошад. Тафсилоти мавзӯъро дар идомаи барнома хоҳед шунид.
XS
SM
MD
LG