Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмакҳои нави Амрико ба Гурҷистон


Киштии ҳарбии Иёлоти Муттаҳида дар бандари Потии Гурҷистон лангар зад, то 17 тонна кӯмакҳои башардӯстона ба мақомоти Гурҷистон супурда шаванд. Ин имдод аз маводи ниёзи аввалия барои афроди беҷошудаи Кутаисӣ иборат аст. Соатҳое пеш аз ин президенти Русия, Дмитрий Медведев ин иқдоми Амрикоро танқид кард ва гуфт, Вошингтон чӣ гуна хоҳад пазируфт, агар Русия дар киштиҳои ҳарбияш ба қурбониёни тӯфон дар Баҳри Кариб кӯмак бифиристад.
XS
SM
MD
LG