Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба ибрат аз Никарагуа даъват кард


Вазорати умури хориҷии Русия имрӯз дар як баёнияи расмӣ изҳори умедворӣ кард, ки давлатҳои дигар низ бо пайравӣ аз намунаи Никарагуа истиқлолияти Абхозистон ва Осетияи Ҷанубиро эътироф мекунанд. Никарагуа дар ҳоли ҳозир ба ғайр аз Русия ягона кишварест, ки ду минтақаи ҷудоихоҳи Гурҷистон расман шинохтааст. Вазорати умури хориҷии Русия дар робита ба ин иқдоми Никарагуа "қаноатмандии амиқ" изҳор дошт ва гуфт, равобиташро бо ин кишвар тақвият хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG