Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Осаф Алӣ Зардорӣ, шавҳари сарвазири мақтул Беназир Бҳутто дар интихоботи президенти Покистон пирӯзии комил ба даст овард.

Осаф Алӣ Зардорӣ, ки пас аз ҳалокати ҳамсараш, сарвазири собиқ Беназир Бҳутто дар моҳи декабри соли 2007 ҳамраисии ҳизби Бҳутто, Ҳизби мардуми Покистонро бар дӯш гирифт, тавонист, як эътилофи густардаи мухолифони Парвиз Мушаррафро ба вуҷуд орад ва ӯро зери хатари эълони нобоварӣ ба истеъфо фиристад.


Мушарраф, 18-уми август зери фишори шадиди ҳукумат ва порлумон пеш аз маъракаи раъйдиҳӣ ба истеъфо рафт. Аммо муносибат ба Зардорӣ дар Покистон яксон нест. Normal 0 Вай 11 солро дар маҳбас ба сар бурдааст, бо айбномаҳои фасоду ришват то тарҳрезии қатли инсон.

Мухолифонаш мегӯянд, вай бештар бо лақаби "Ҷаноби даҳ дарсад" машҳур аст, зеро солҳои кораш дар ҳукумат аз ҳар барнома ё сармоягузорӣ даҳ дарсадро ба ҷайби худ мезадааст.

Худи Зардорӣ ин сӯҳбатҳоро рад мекунад ва бофтаи душманони сиёсии хеш мехонад. Пеш аз интихобот вай мегуфт, заъфҳои низомро мешиносад ва дар сурати пирӯзӣ ба тағйири кулли он даст хоҳад зад.

Сарафроз Муғул, раиси Иттиҳоди тиҷоратии Покистон мегӯяд, мардум ҳоло бештар дар ғами нархҳои афзоянда ва хушунати густаришёбанда ҳастанд: "Мо парво надорем, кӣ президент мешавад. Ягона чизе ки мехоҳем, баҳри худо ин аст, ки вай битавонад, вазъи кишварро беҳтар кунад. Мардум дар машаққатанд. Вай бояд ғами мардумро бихӯрад."

Таҳлилгари сиёсӣ аз Покистон, Зоҳид Ҳусайн мегӯяд, дар ҳамин ҳоли таҳдиди бӯҳрони иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи ошӯбгарӣ, мамлакат дубора ба давраи ихтилофоти шадиди сиёсӣ бармегардад.

Зоҳид Ҳусайн мегӯяд, "Зардорӣ райъи мардумро гирифта бошад ҳам, эътимоди мардумро нагирифтааст. Ва ҳамчунин, эътимоди аҳзоби дигари сиёсиро. Ҳамчун президент низ як шахсияти тазодомез хоҳад буд. Вай шахси ғайриҳизбӣ нахоҳад буд ва ба ин сабаб, ихтилофоти сиёсӣ шиддат хоҳад гирифт. Ва ин ба бозгашти демократия ба Покистон таъсири амиқ хоҳад гузошт."

Зардорӣ ҳамчунин як сиёсатмадори ғарбгаро шумурда мешавад ва аз Вошингтон дар ҷанги зидди терроризм пуштибонӣ мекунад. Вай на дар интихоботи умумӣ, балки бо райъдиҳӣ дар ду палатаи порлумони кишвар ва маҷлисҳои музофотии вилоятҳои Синд, Панҷоб, Балучистон ва Вилояти Шимолу Ғарби Марзӣ раисиҷумҳур баргузида шудааст.
XS
SM
MD
LG