Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 12 нафар дар таркиши Покистон


Полиси Покистон мегӯяд, аз таркиши як мошини бомбгузоришуда дар посгоҳи амниятии шаҳри Пешовар, ба камияш 12 нафар кушта шудаанд. Намояндаи аршади полис, Муҳаммад Сулман гуфт, ин ҳамла худкушона буда, ронанда дар ҳоле мошинро мунфаҷир кард, ки вориди посгоҳ шуда буд. Аз инфиҷор ду бинои наздик низ вайрон шуда, эҳтимол меравад, афроде зери шикастпораҳо монда бошанд. Таркиш дар ҳоле садо дод, ки қонунгузорони Покистон дар Исломобод президенти нави кишварро интихоб мекунанд. Президенти собиқ, Парвиз Мушарраф, 18 август зери фишори ҳукумат ба истеъфо рафт.
XS
SM
MD
LG