Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вазъи ҳуқуқи башар дар Узбакистон мавзӯъи аслии сӯҳбати мизи гирде буд, ки дар дафтари Радиои Озодӣ дар Вошингтон доир шуд.

Кормандони Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага имкон доштанд, ки тавассути пули видеоӣ ба суолҳои худ дар мавриди идомаи таъқиби дигарандешон ва афроди мазҳабӣ, шиканҷа алайҳи маҳбусон ва боздоштшудагон дар Узбакистон ва ҳамчунин сатҳи озодии расонаҳои хабарӣ дар Тоҷикистон посух бигиранд. Дар сӯҳбати мизи гирд ҳомиёни ҳуқуқи башари узбак Сурат Икромов, Сӯҳробҷон Исмоилов, Носир Зокиров, Елена Урлаева ва ҳамчунин раиси Анҷумани миллии расонаҳои хабарии мустақили Тоҷикистон, ё НАНСМИТ, Нуриддин Қаршибоев ширкат доштанд.

Узбакистон ба тадриҷ ба як маҳбаси бузург барои дигарандешон табдил мешавад. Ҳомиёни ҳуқуқи башари муқими ин кишвар дар сӯҳбати мизи гирд дар дафтари Радиои Озодӣ дар Вошингтон гуфтанд, ки айни ҳол дар зиндонҳои Узбакистон тақрибан 8 ҳазор маҳбусони сиёсӣ ба сар мебаранд. Сурат Икромов, раиси гурӯҳи ҳомиёни ҳуқуқи башари мустақили Узбакистон иброз дошт, бештари ин маҳбусон - ходимони дин ё онҳоеанд, ки бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳу ҷараёнҳои мазҳабӣ равонаи зиндон шудаанд.

«Теъдоди бузурги онҳо афродеанд, ки барои ақоиди мазҳабӣ маҳбасӣ шуданд ва онҳоро барои узвият дар Ҳизб-ут-таҳрир, ваҳҳобия ваё дигар ҷараёнҳо маҳкум кардаанд. Аслан гуноҳи қариб нафаре аз онҳо аз рӯи иттиҳомоти алайҳашон эълоншуда собит нагаштааст. Гурӯҳи дигар онҳоеанд, ки парвандаҳояшон ангезаи сиёсӣ дорад – онҳо ҳомиёни ҳуқуқи башар ва аъзои аҳзоби мухолифанд ва теъдоди онҳо тақрибан ба 70-80 нафар мерасад».

Сӯҳробҷон Исмоилов, намояндаи Гурӯҳи вокуниши сареъ ба хотири ҷилавгирӣ аз шиканҷа, гурӯҳе, ки ҳашт созмони дифоъ аз ҳуқуқи башари Узбакистонро муттаҳид кардааст, бо таассуф изҳор намуд, ки онҳо ба маҳбасҳои кишвар дастрасӣ надоранд ва аз ин рӯ мушаххас кардани теъдоди маҳбусони сиёсӣ маҳол аст, яъне шумораи онҳо шояд болотар аз 8 ҳазор нафар бошад. Ӯ афзуд, мақомоти Узбакистон дар баробари афроди мазҳабии мӯҳлати ҳабсашон хатмшуда аз чӣ тадобир кор гирифтанро намедонанд – онҳо ҳарос доранд, ки бозгашти ин афрод ба ҷомеъа боиси афзоиши эътирозҳои мардум ва зиёдаравии мазҳабӣ мегардад.

Сурат Икромов гуфт, бештари афроди мазҳабӣ баъд аз хатми мӯҳлати ҷазо низ дар зиндон боқӣ мемонанд – мақомот ҳар бор алайҳи онҳо иттиҳоми нав эълон мекунад. Ҳомии ҳуқуқи башар афзуд, онҳо далелҳои зиёди шиканҷа шудани маҳбусони сиёсӣ ва ҳатто ному насаби афродеро, ки дар ин шиканҷа даст доранд, ҷамъ овардаанд:

«Мо дар бораи шиканҷа зиёд менависем ва ман ба хабарнигорон гузоришҳои алтернативии зиёдеро фиристодаам, ки дар онҳо ҳам ному насаби шиканҷашудагон ва ҳам ному насаби онҳое, ки дар шиканҷа даст доранд, оварда шудааст – теъдоди онҳо 580 нафар аст ва мансуб ба хадамоти амниятӣ, вазорати дохила ва додситониянд. Он нукта ҳам рушан аст, ки аз миёни ҳазорон нафари барои ақидаҳои мазҳабӣ маҳкумшуда тайи ду соли ахир касе афв нашудааст ва зиёда аз ин, ба онҳое, ки мӯҳлати ҳукмашон тамом шудааст ба таври сунъӣ мақомот мӯҳлатҳои нав изофа кардаанд».

Сурат Икромов аз он изҳори нигаронӣ кард, ки бар асари шиканҷа садҳо нафар аз дунё даргузашаанд ва аммо пайвандонашон наметавонанд ҷасадҳои онҳоро пайдо кунанд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар гуфтанд, ки нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва талошҳои таҳти назорати комил доштани онҳо дар Узбакистон моҳҳои ахир афзоиш ёфтааст. Сӯҳробҷон Исмоилов ба он нукта ишора кард, ки мақомот ахиран ба таъсиси созмонҳои ғайриҳукуматӣ шурӯъ кардаанд, вале онҳо дар қиёс аз созмонҳое, ки бо кумаки кишварҳои ғарбӣ барои рушди ҷомеъаи шаҳрвандӣ таъсис мешуданд, аз сӯи ҳукумат сармоягузорӣ мешаванд ва табиист, ки аз хати кашидаи ҳукумат берун пой намегузоранд.

Носир Зокиров, ҳомии ҳуқуқи башар аз водии Фарғона гуфт, дар самти назорати сартосарӣ кор то ҷое расидааст, ки дар маҳаллаҳои Узбакистон ҳатто дар кӯчаҳо раҳбарон, ё ба истилоҳ, кӯчабошиҳо таъин шудаанд ва онҳо чашму гӯши мақомоти маҳаллиянд. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башари Узбакистон, ин ҳама дар ҳолест, ки дар аксари манотиқи кишвар пайдо кардани ҷойи кор маҳол аст ва теъдоди узбакҳое, ки айни ҳол дар Русия ва Қазоқистон дар муҳоҷирати кориянд, аз марзи 5 миллион нафар убур кардааст.

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои хабарии мустақили Тоҷикистон ё НАНСМИТ, зимни суханронӣ аз озодии матбуот дар кишвар ва барномаҳои анҷуман барои таъмини ин озодиҳову аз байн бурдани мушкилоти дастрасӣ ба иттилоъи расмӣ аз сӯи расонаҳои хабарӣ ҳарф зад. Дар сӯҳбате, ки баъдан бо ӯ доштем, раҳбари НАНСМИТ, ба вижа, аз афзудани монеъаҳо дар дастрасӣ ба иттилоъ изҳори нигаронӣ кард. Нуриддин Қаршибоев афзуд, ки, аз нигоҳи ӯ, матбуот дар Тоҷикистон қисман озод аст, яъне шаҳрвандон имкони нашри рӯзномаи худро доранд ва аммо баъди сабти номи рӯзнома онҳоро мушкилоти зиёде думболагир мешавад.

XS
SM
MD
LG