Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёди нерӯгоҳҳои худсоз дар Чоркӯҳ


Ин нерӯгоҳи худсоз якчанд хонаводаро бо барқ таъмин мекунад
Ин нерӯгоҳи худсоз якчанд хонаводаро бо барқ таъмин мекунад

Бо сар шудани маҳдудияти интиқоли барқ сокинони деҳаи Чоркӯҳи Исфара дар маҳали худ ду нерӯгоҳи хурди обии барқ сохта, ба кор андохтанд.

Тоҳир Қосимов, сокини маҳаллаи Масҷиди Миёнаи деҳаи Чоркӯҳ, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ин нерӯгоҳҳо, бо иқтидори 25 киловатт/соат манзилҳои маҳаллаашонро дар мавсими бебарқиву торикӣ чароғон мекунад. Вай афзуд, нерӯгоҳҳо бо ташаббус ва маблағи сокинон бунёд шуда, ҷиҳати кӯмак ба ягон ҷо муроҷиат накарданд ва асбоби заруриро бо маблағи худ дастрас намуданд.

Ба гуфтаи сокинони деҳаи Чоркӯҳ, зимистони қаҳратун ва бебарқии дурударози соли гузашта онҳоро водор кард , имсол худ барои рӯшан намудани манзилашон ҳамин гуна тадбире андешанд. Абдулло Қиёсов – сокини ҳамин маҳал гуфт, бунёди нерӯгоҳро, ки хонаҳояшонро рӯшан намуда, барои дарс тайёр кардани фарзандонашон ва тамошои телевизиону шунидани радио шароит фароҳам овардааст, бо шодмонӣ истиқбол карданд.

Ҳар ду нерӯгоҳи обии барқ дар Чоркӯҳ дар ҷои ҷувозхонаҳои равғанкашӣ, ки дар зимистон аз кор мемонанд, сохта шудааст. Ба гуфтаи муҳандиси нерӯгоҳҳо - Самеъ Солеҳов, сокини ҳамин маҳал бунёди чунин нерӯгоҳҳои кӯчаки тавлиди барқ зоҳиран сода ва каммасраф ба назар мерасад: дар он асосан як парраи чубӣ, як редуктор, як чарха ва як генератор ба кор рафтааст. Вай афзуд, ки барои сохтани як нерӯгоҳ ҳудуди 600 доллари ИМ масраф шудааст.

Ба гуфтаи сокинони ин маҳал, оби ҷӯйбори маҳаллаи Масҷиди Миёнаи деҳаи Чоркӯҳ дар баҳору зимистон хушк намешавад ва аз фароз ба нишеб бо суръати баланд ҷорист. Дар он имкони бунёди боз се – чаҳор нерӯгоҳи барқзо мавҷуд аст.

Вале Тоҳир Қосимов, сокини ин маҳал, гуфт, ки онҳо дар ин кор ба дастгирии ҳукумат ниёз доранд: «Агар ҳукумат ва ё ташкилотҳои ёрирасон ба мо генераторҳои 30–40 киловатӣ, бо пули худамон ҳам бошад, дастрас мекарданд, мо сокинони маҳалла худ бо кӯмаки муҳандисҳоямон дар ҳамин ҷӯбор боз се - чор нерӯгоҳи хурди обии барқ сохта, ба кор медаровардем».

XS
SM
MD
LG