Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари таърихии раҳбари Туркия ба Арманистон


Рӯзи шанбе бо даъвати президенти Арманистон Серж Саркисян президенти Туркия Абдуллоҳ Гул ба Ереван сафар намуда, қуваозмоии интихобии дастаҳои футболи ду кишвар барои ширкат дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2010-умро тамошо мекунад. Зиёрати Гул ҳамчун иқдоми калидӣ дар хатми хусумати якасраи ду кишвар дар масъалаи куштори дастаҷамъии арманиҳо мебошад.
Арманистон мегӯяд, дар солҳои Ҷанги якуми ҷаҳонӣ дар арафаи фурӯпошии Империяи Усмонӣ Туркия тақрибан якуним миллион арманиро ба ҳалокат расонд. Туркия ин айбномаро рад намуда, то кунун бо Арманистон равобити дипломатӣ роҳандозӣ накардааст.
XS
SM
MD
LG