Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пуштибонии Чейнӣ аз узвияти Киев дар НАТО


Муовини раиси ҷумҳурии Амрико Дик Чейнӣ дар паи мулоқот бо раиси ҷумҳурии Украина Виктор Юшенко имрӯз дар Киев аз талошҳои ин кишвар барои узвият дар НАТО пуштибонӣ кард. Вай гуфт:


"Украиниҳо ҳақ доранд интихоб кунанд, ки оё хоҳиши ҳамроҳ шудан ба НАТОро доранд ё на ва НАТО ҳақ дорад Украинаро барои узвият дар ин паймон даъват кунад, дар ҳоле, ки мо бовар дорем, ки шумо омода ҳастед ва фурсати муносиб ҳам расидааст. Ҳеҷ як кишвари беруна ин тасмимро вето нахоҳад кард. Муттафиқон дар Бухарест ба тавофуқ расиданд, ки Украина билохира узви НАТО хоҳад шуд ва ин тааҳҳуд имрӯз ҳам по бар ҷост".

Вай инчунин гуфт, ки Украина бояд бидуни ҳарос аз "ҳуҷуми низомӣ ё таҳдиде" ба сар барад. Субҳи имрӯз Чейнӣ бо нахуствазир Юлия Тимошенко мулоқот карда гуфт, ки бо иллати Русия имрӯз Украина рӯҳои пурчолишро пушти сар мекунад. Алорағми дидгоҳҳои мухталиф ба масоили дохилии кишвар Юшенко ва Янукович ҳар ду сиёсатмадори рӯ ба Ғарб маҳсуб мешаванд. Дар пайи низои мусаллаҳонаи Русияву Гурҷистон дар моҳи август, сафари муовини раиси ҷумҳурии Амрико ба минтақа ба нишони ҳамраъйӣ ва пуштибонӣ аз муттафиқони Вашингтон арзёбӣ мешавад. Қабл аз тарки Киев карданаш бо мақсади Итолиё, Чейнӣ лавҳаи ёдгории "Ҳолодомор"-ро, ки барои поси хотири қурбониёни қаҳтиҳои солҳои 1930-юм бунёд шудааст, зиёрат хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG