Пайвандҳои дастрасӣ

Боздиди таърихии Райс аз Либия


Вазири хориҷаи Амрико Кандализа Райс сафари таърихии худро ба Либия бо ҳадафи мулоқот бо раиси ҷумҳурӣ Муаммар Қаззофӣ шурӯъ мекунад. Райс баландпоятарин мақоми амрикоӣ хоҳад буд, ки дар фурсати беш аз 50 соли охир аз ин кишвар дидан мекунад. Равобити ду кишвар дар соли 1981, баъди он ки ИМА Либияро пуштибони терроризм унвон кард, қатъ гардид. То моҳи сентябри соли 2003, замоне, ки Триполӣ аслиҳаи куштори дастаҷамъӣ ва терроризмро маҳкум кард, Либия шомили феҳрасти кишварҳои сармоягузори терроризми вазорати умури хориҷаи ИМА буд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG