Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Русияро тавассути СҶТ муҷозот накунед"


Узви комисиюни тиҷоратии Иттиҳодияи Аврупо Питер Менделсон гуфт, ки Русия набояд барои амалҳояш дар Гурҷистон аз роҳи таъхири пазириши ин кишвар ба узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат муҷозот шавад. Дар як мусоҳиба бо Ройтерс, Менделсон гуфт, ки ин амал ба манфиати ҳеҷ кас нест. Русия дорои бузургтарин иқтисодест дар миёни кишварҳое, ки узви Созмони ҷаҳонии тиҷорат нестанд. Мақомоти баландпояи амрикоӣ гуфтанд, ки баъди ҷанги ахир бо Гурҷистон талошҳои 15-солаи Маскав барои пазируфта шудан ба узвияти ин созмон метавонад зери суол бурда шавад. Нахуствазир Владимир Путин гуфт, ки Русия ҳеҷ баҳрае аз узвият дар ҳайати ин созмон намебарад ва бидуни мушкил метавонад баъзе ӯҳдадориҳои қаблиро мутаваққиф кунад.

XS
SM
MD
LG