Пайвандҳои дастрасӣ

Қирғизистон: талаби озодии Имодиддини Боқӣ


Имодиддини Боқӣ, ҳомии ҳуқуқи башар

Имодиддини Боқӣ, ҳомии ҳуқуқи башар

Субҳи рӯзи ҷумъа як гурӯҳ ҳомиёни ҳуқуқи башари Қирғизистон дар назди сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Бишкек ба нишони эътироз ҷамъ омаданд.

Азиза Абдурасулова, раиси созмони ҳуқуқи башари «Қилим шамӣ» мегӯяд, ки аз соли 2000 ба ин сӯ Имодуддини Боқӣ, раиси як созмони дифоъ аз зиндониёни сиёсӣ ва рӯзноманигори шинохтаи ин Эрон, мавриди таъқиб қарор гирифтааст. Ба гуфтаи ӯ, як гурӯҳи дидбонҳои ҳуқуқи башари кишвараш тасмим гирифтанд, ки барои аз ҳабс озод кардани Имодиддини Боқӣ унвонии мақомоти Ҷумҳурии исломии Эрон як нома ироъа кунанд. Вай афзуд, ки матни ҳамин нома имрӯз ба сафорати ҶИЭ дар Бишкек таслим гардид.
Толеқан Исмоилова, раҳбари созмони иҷтимоъии «Шаҳрвандон алайҳи ришватхорӣ», ҳам мегӯяд, ки ҷаноби Боқӣ аз журналистони ислоҳотталаб буда, масъалаи лағви ҳукми эъдом дар Эронро ба миён гузоштааст. Раҳбари созмони иҷтимоъии «Шаҳрвандон алайҳи ришватхорӣ» бар ин аст, ки, агар ҳукумати Эрон одамонро барои ҷинояташон ба эъдом маҳкум кунад ва бикушад, дар ин сурат «фарқи байни ин ҳукумат аз ҷаллод» нахоҳад монд.
Имодиддини Боқӣ, ноябри соли 2005
Ин ҳам дар ҳолест, ки, ба гуфтаи Толеқан Исмоилова, СММ соли 2006 дар мавриди ҳифзи дидбонҳои ҳуқуқи башар ва мусоъидат ба фаъъолияти онҳо санаде содир намудааст ва иҷрои он барои ҳамаи кишварҳои узви ин созмон ҳатмист. Хонум Исмоилова таъкид мекунад, ки, агар ҳукумати Эрон дар муддати як ҳафта Имодиддини Боқиро аз зиндон раҳо накунад, аз тамоми вилоёти Қирғизистон дидбонҳои ҳуқуқи башар ба ин амали онҳо ҳамроҳ хоҳанд шуд.
Ҳарчанд кормандони сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон аз ҳаргуна изҳори андеша ба ин эътирози ҳомиёни ҳуқуқи башари Қирғизистон худдорӣ намуданд, вале боз ҳам номаи онҳоро пазируфтанд.
Имодиддин Боқӣ дар рӯзномаи «Нишот» кор кардааст, ки нашри он аз тарафи мақомоти Эрон мутаваққиф гардидааст. Ӯ беш аз 20 китоб ба нашр расонидааст.

Имодиддини Боқӣ
Дар китоби худ «Фоҷиъаи демократия дар Эрон», ки дар ватанаш ба чоп расидааст, Имодиддини Боқӣ ҳукумати кишварашро дар куштори гуногунандешон ва журналистон дар соли 1998 муттаҳам намудааст.
Гуфта мешавад, ки Имодиддини Боқӣ барои мақолаҳои ислоҳотталабонаи худ мавриди таъқиби ҳукумати ин кишвар қарор дорад.
XS
SM
MD
LG