Пайвандҳои дастрасӣ

ИА: нишасти дурӯзаи вузарои хориҷаи кишварҳои узв


Бернар Кушнер, Николас Сакозӣ ва Хавйер Солана

Бернар Кушнер, Николас Сакозӣ ва Хавйер Солана

Сарони умури хориҷаи кишварҳои узви ИА масоъили муносибат бо Русия ва кумак ба Гурҷистонро баррасӣ мекунанд.

Дар мулоқоти дурӯза, ки дар шаҳри Авинён (Фаронса) баргузор мегардад, вазирони хориҷаи 27 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо аз ҷумла имкони интиқоли гурӯҳи нозирони мулкӣ ба Гурҷистонро баррасӣ хоҳанд намуд.Ба гуфтаи як намояндаи ИА теъдоди ин нозирон 200 нафарро ташкил медиҳад.
Қарор аст, ки дар рӯзи якуми кории ин мулоқот имрӯз, 5-уми сентябр, муносиботи иттиҳоди бо Русияро дар арафаи гуфтушунидҳои раисҷумҳурҳои Русия ва Фаронса дар ҳафтаи оянда дар Маскав ва нишасти навбатии ФР – ИА (14-уми ноябр дар Нитсаи Фаронса) ба баҳс мекашанд.
Ин баҳс дар пасманзари буҳрон дар Гурҷистон ва шинохти мухторияти Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ аз тарафи Русия сурат мегирад.
Вазирони хориҷа нийят доранд, ки ба масоъили ироъаи кумаки башарӣ ба Гурҷистон ва мусоъидат ба раванди барқарорсозии баъдимуноқишаӣ, инчунин аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ҷойгузинсозии гурӯҳи нозирони худӣ оид ба назорат бар оташбаси тавофуқшуда диққати махсус диҳанд.
Ҷаласоти ин мулоқот дар Қасри папаҳо ва Қасри хурди Авинён доир хоҳанд шуд.Фиристодани гурӯҳи нозирон дар ҳамоиши изтирорӣ дар Брюссел ба мувофиқат расидааст.Cарони ИА ҳамчунин бар таъйини намояндаи вижаи иттиҳодия оид ба Гурҷистон ва даъвати конфронси байнулмилалии кумакрасонҳо қарор намуанд.
Рӯзи шанбеи 6-уми сентябрро вузарои хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо барои баҳсу баррасии дурнамои муносибати иттиҳодия бо ИМА дар алоқамандӣ ба интихоботи ноябрии раисҷумҳури ин кишвар бахшиданианд.
Дар ҳамин ҳол, давраи дувуми гуфтушунидҳо қарор аст, ки 16-уми сентябр дар Брюссел, пойтахти Белгия, баргузор гардад.
XS
SM
MD
LG