Пайвандҳои дастрасӣ

Сарони кишварҳои узви Паймони амнияти дастаҷамъӣ имрӯз, 5-уми сентябр, дар Маскав мавзӯъи бӯҳрони Русия ва Гурҷистонро баррасӣ мекунанд.

Дирӯз нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви ин созмон доир шуд, ки дар он ҳозирин аз амалиёти низомии Русия дар хоки Гурҷистон пуштибонӣ карданд. Вале барои ба расмият шинохтани истиқлолияти ҷумҳуриҳои Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон иқдом накарданд.

Қаблан раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ҳини мулоқот бо раисиҷумҳури Арманистон – яке аз кишварҳои узви Созмони амнияти дастаҷамъӣ иброз дошт, ки дар нишасти Маскав бояд мавқеъи ниҳоии кишварҳои узви ин созмон дар робита ба бӯҳрони Қафқоз муайян шавад.

Ба узвияти Созмони амнияти дастаҷамъӣ, ки соли 1992 ташкил шудааст, Русия, Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Узбакистон шомил ҳастанд.

Нишасти сарони кишварҳои узви ин созмон чанд рӯз баъди баргузории мулоқоти сарони давлатҳои Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Душанбе доир мешавад, ки дар натиҷаи он раиси ҷумҳуриҳои кишварҳои узв танҳо қисман ҷонибдории худро аз мухолифатҳои низомии Русия бо Гурҷистон дар моҳи август ба намоиш гузоштанд.

Ба узвияти ин созмон дар канори Русияву чаҳор ҷумҳурии Осиёи Марказӣ инчунин Чин шомил аст. Ба қавли коршиносон, маҳз мавқеи Чин дар қабули эъломияи ниҳоии ин нишаст нақши ҳалкунанда доштааст.

XS
SM
MD
LG