Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе як шаҳрванди Уганда хонум Матоу Агнесро барои 19 сол равонаи зиндон кардааст.

Ин шаҳрванди хориҷӣ дар иртикоби қочоқи маводи мухаддир муҷрим шинохта шуда ва давраи тӯлонии зиндонро дар маҳбаси низомаш умуӣ пушти сар хоҳад кард. Мурофиаи додгоҳии Матоу Агнесс, шаҳрванди Уганда, таҳти раёсати додраси ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Савриддин Тошев рӯзи 4-уми сентябр ба кори худ анҷом дод. Мақомоти тафтишотӣ ин хонуми угандаиро дар қочоқи маводи мухаддир муттаҳам кардааст.

Савриддин Тошев, додраси додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, ки муҳокимаи парвандаи ҷиноии Матоу Агнесро ба анҷом расонидааст, гуфт, дар ҷараёни муҳокима иттиҳомоти эъломшуда алайҳи ин хонуми угандаӣ собит шудааст.

Хонум Матоу Агнесс бар асоси асноде, ки дар даст дорад, ҳамчун сайёҳ ва ҷаҳонгард вориди Тоҷикистон шудааст. Аммо тафтишот мушаххас кардааст, ки вай ҳанӯз қабл аз ворид шудан ба ин кишвар тавассути Интернет бо қочоқбарони афғонӣ дар тамос шуда ва ҳама амалиёту ҳаракат ва масири баъдиро ҷиҳати интиқоли маводи мухаддир аз Тоҷикистон ба Туркия ҳамоҳанг ва бо онҳо ҳамоҳанг кардааст.

Аммо ба ҳангоми парвоз аз Душанбе ба Истанбул дар таърихи рӯзи 22-уми май дар фурудгоҳ аз сӯи ходимони идораи гумрук боздошт мешавад. Зеро ба ҳангоми бозрасии бағоҷи вай ходимони гумрук 29 кило маводи мухаддири навъи ҳероинро ошкор мекунанд.

Ва бар асоси ҳамоҳангиҳои қаблӣ бо қочоқбарони афғонӣ ин хонум мебоист ин миқдори ҳероинро ибтидо ба Истанбули Туркия ва сипас ба Аддис-Аббебаи Эфиопия (Ҳабашистон) интиқол медод.

Савриддин Тошев, додраси додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, афзуд, ки Матоу Агнесс шаҳрванди угандаӣ бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир муҷрим шинохта шуд ва 19 соли зиндонро дар маҳбаси занона пушти сар хоҳад кард.

Ҳамин манбаъ афзуд, ки дар ҳоли ҳозир шуморе аз шарикони ин хонуми угандаӣ таҳти пайгарди қонунӣ эълон шудаанд ва бо муҷарради пайдо шудан ба курсии ҷазо хоҳанд нишаст. Аммо додрас ҳозир нашуд, ки дар бораи ҳуввияти ва теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қочоқи маводи мухаддир бо хонуми угандаӣ ҳамроҳӣ кардаанд маълумот диҳад.

Зимнан ҳукми додгоҳ бас аз як ҳафтаи эъломи он мавриди амал қарор мегирад, агарки дар ин мӯҳлат нафари муҷрим аз рӯйи он ба зинаи болоии додгоҳ шикоят набарад. Ба гуфтаи масъулини додгоҳ, ҳама маводи тафтишот ва муҳокима бо забони англисӣ тарҷума ва дар рафти баррасии додгоҳӣ низ шаҳрванди Уганда бо тарҷумон ва вакили дифоъ таъмин шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе муҳокимаи парвандаи ҷиноии як шаҳрванди Филлипин, ки ӯ низ бо иттиҳоми қочоқи маводди мухаддир боздошт шудааст, оғоз шудааст. Ин табааи Филлипин дар фурудгоҳи Душанбе бо панҷ кило маводди мухаддир боздошт шудааст.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG