Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тӯфон дар Ҳаитӣ ҳаёти 61 касро аз байн бурд


Дар кишвари амрикоии Ҳаитӣ тӯфони тропикии Ҳанна боиси обхезӣ ва кӯчиши замин гардид. Дар натиҷа камаш 61 нафар ба ҳалокат расидаву даҳҳо ҳазор каси дигар маҷбур шудаанд макони зисти доимиашонро тарк намоянд.
Дар чанд ҳафтаи ахир Ҳанна севумин тӯфон аст, ки ба ин минтақаи Амрико зиён мерасонад. Бар илова дар уқёнуси Атлантик боз як тӯфон Айке нерӯ мегирад. То кунун ҳавошиносон нагуфтаанд, ки ин тундбод ба хушкӣ зарба хоҳад зад ё не?
XS
SM
MD
LG