Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Киев Чейнӣ бо раҳбарони украинӣ вомехӯрад


Пешбинӣ мешавад, ки имрӯз ҳангоми мулоқот бо раҳбарони украинӣ ноиб-президенти ИМА Дик Чейнӣ иброз хоҳад дошт, ки Амрико аз ин кишвар пуштибонӣ мекунад.
Дар ҷараёни сафараш ба кишварҳои Қафқози ҷанубӣ ва соҳили Баҳри Сиёҳ, ки дар паи низоъ миёни Русияву Гурҷистон ба вуқӯъ пайвастааст, Чейнӣ таъкид кард, ки ИМАаз муттафиқонаш пуштибонӣ мекунад.
Дар ҳамин ҳол президенти Украина Виктор Юшенко бо ишора ба зарурати ҳимояи ин кишвар даъватҳояш ба узвияти зудраси Украина дар паймони НАТО-ро афзоиш додааст.
Ду рӯз пеш аз зиёрати Чейнӣ президенти Украина эълон кард, ки эътилофи ҳоким фурӯ рехт.
XS
SM
MD
LG