Пайвандҳои дастрасӣ

Маккейн расман номзадӣ аз ҳизбашро қабул мекунад


Дар рӯзи чорум ва ниҳоии анҷумани ҳизби ҷумҳурихоҳи ИМА сенатор Ҷон Маккейн расман номзадӣ аз ин ҳизб барои сабқат дар интихоботи раёсатҷумҳурии ИМА-ро қабул мекунад. Рӯзи чоршанбе дар анҷумани ҷумҳурихоҳон волии аёлати Аляска хонум Сара Пейлин расман номзад ба мансаби ноиб-президенти ИМА дар интихоботи моҳи ноябр эълон шуд.
Дар паёмаш ба вакилони ҳизби ҷмуҳурихоҳ Пейлин номзади ҳизби демократи ИМА сенатор Барак Обамаро танқид намуда, гуфт, ки ӯ таҷрибаи кофӣ барои раёсатҷумҳурии ИМА-ро надорад.
XS
SM
MD
LG