Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори 5 ифротӣ ва 1 фарди осоишта дар Доғистон


Назар ба иттилои расида дирӯз низомиёни Русия дар ҷумҳурии Доғистони ин кишвар 5 шахси муттаҳам бо ифротгароии исломиро ба қатл расонданд. Ба навиштаи хабаргузории Интерфакс ин ҳодиса дар шаҳри Хасавюрт, воқеъ дар 60 километрии ғарби пойтахти Доғистон: шаҳри Махачқалъа, ба вуқӯъ пайвастааст. Ҳамчунон гуфта мешавад, ки дар ин амалиёт бо тири тасодуфӣ як фарди осоишта ба ҳалокат расид. Ҳомиёни ҳуқуқи башар аз Шӯрои Аврупо даъват кардаанд, ки ба истилоҳ "бадшавии вазъи ҳуқуқи башар дар минтақаи Қафқози Шимолӣ"-ро мавриди назорат қарор диҳанд.
XS
SM
MD
LG