Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нозирони САҲА дар минтақаи амни Гурҷистон


Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мегӯяд, ки нозирони низомии ин созмон ба минтақаи амни миёни нерӯҳои Русия ва Гурҷистон фиристода шудаанд. Моҳи гузашта баъди як низои кӯтоҳмуддат нерӯҳои Русия сарбозони гурҷиро ба ақиб партофта, дар хоки Гурҷистон минтақаи амн ташкил карданд. Дар изҳороти САҲА гуфта мешавад, ки дирӯз барои авввалин бор аз замони бархӯрдҳои моҳи гузашта нозирони ин созмон роҳ ба шаҳри Схинвалӣ: маркази минтақаи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубиро муроқибат карданд. Моҳи август САҲА иброз дошт, ки шумораи нозиронашро то 100 нафар боло мебарад.
XS
SM
MD
LG