Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Куштори раиси додгоҳи маводи мухаддири Афғонистон


Дирӯз дар роҳ ба кор раиси додгоҳи зидди маводи мухаддири Афғонистон мавриди ҳамла қарор гирифта, баъди чанде аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар шифохона ҳалок шуд.
Қозӣ Алим Ҳаниф раис ва додгустари олии додгоҳи марказии зидди маводи мухаддир саъй дошт, қочоқчиёни бо нуфузи маводи мухаддирро ба додгоҳ кашад. Муфаттишон дар бораи ҳамла тафсилоте надодаанд.
Соли 2007-ум дар Афғонистон 93% тарёки рӯи олам тавлид шуда буд. Бахши бузурги он баъди коркард дар шакли ҳероин ба кишварҳои мухталиф содир мешавад.
XS
SM
MD
LG