Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Афғонистон боз як сарбози НАТО ҳалок шуд


Нерӯҳои байналмилалии кумаки амниятӣ ба Афғонистон (ISAF), ки таҳти фармондеҳии паймони НАТО қарор доранд, иттилоъ медиҳанд, ки дирӯз бар асари таркиш дар ҷануби Афғонистон як сарбози ин паймон ба ҳалокат расид. Дар изҳорот чизе дар бораи шаҳрвандии сарбози ҳалокшуда ва макону замони таркиш гуфта нашудааст. Бо ин куштор шумораи сарбозони хориҷии соли равон дар Афғонистон ба қатл расида ба 192 нафар баробар шуд. Феълан дар Афғонистон 70000 афсару сарбози байналмилалӣ мустақар мебошанд. Аксари онҳо зери фармони паймони НАТО қарор дошта, вазифаашон ҳимоят аз ҳукумати Афғонистон аст.
XS
SM
MD
LG