Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Артиши Покистон 36 ҷангиро нобуд кард


Мақомоти интизомии Покистон гуфтанд, ки тайи ду рӯзи ахир дар даргириҳо бо нирӯҳои ҳукуматӣ дар минтақаи шимолу ғарби кишвар водии Сват дасти кам 36 ҷангии Толибон кушта шуданд. Сват замоне мавзеи зебоманзари сайёҳӣ буд ва аммо як соли охир ба маҳалли даргириҳои артиши кишвар бо пайравони рӯҳонии тарафдори Толибон Мавлоно Файзулло табдил шудааст. Дар ҳамин ҳол ҷангиёни Толибон 25 ходими навомӯзи полисро дар минтақаи шимолу ғарби Покистон рабуданд. Раиси полиси вилоят Малик Муҳаммад Навид гуфт, ки шогирдон шоми чоршанбе дар вулусволии қабилаии Оракзай, ки дар марз бо Афғонистон қарор дорад, ба даст афтоданд.

XS
SM
MD
LG