Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сурия хоҳони сулҳ бо Исроил шудааст


Раиси ҷумҳурии Сурия Башор Асад имрӯз ошкор кард, ки кишвари вай тарҳи созишномаи сулҳро бо Исроил тавассути миёнҷиҳои туркӣ ба он кишвар таслим кардааст ва ҳамакнун мунтазири посухи Исроил мемонад, то ки мулоқоти як бо яке ташкил шавад. Асад гуфт, ки санади мазкур барои ташкили музокироти мустақим чун заминаи бунёдӣ хизмат хоҳад кард ва ӯ мунтазири як санади ҳамсоне аз ҷониби Исроил хоҳад шуд. То имрӯз музокироти миёни Сурияву Исроил тавассути Туркия ҷараён гирифтааст. Асад бо чунин изҳороте дар баробари раҳбарони Фаронса, Туркия ва Қатар суханронӣ кард, ки ба баррасии масоили марбут ба сулҳ ва суботи Ховари Миёна бахшида шуд. Раиси ҷумҳурии Фаронса Николя Саркозӣ гуфт, ки бо фарорасии фурсати муносиб кишвари вай метавонад дар ҷараёнҳои музокирот ширкат кунад.
XS
SM
MD
LG