Пайвандҳои дастрасӣ

Чейнӣ вориди Киев шуд


Муовини раиси ҷумҳурии Амрико Дик Чейнӣ дар идомаи сафараш ба минтақа имрӯз вориди Киев, пойтахти Украина шуд. Қарор аст вай бо мақомоти баландпояи ин кишвар дидору мулоқотҳо анҷом диҳад. Чейнӣ имрӯз дар Тифлис буд ва дар як нишасти матбуотии муштарак бо раиси ҷумҳурии Гурҷистон вай гуфт, ки ин кишвар метавонад ба кӯмак ва ёрии минбаъдаи ИМА дар паи ҷанги ахир бо Русия умед бандад. Дар ҳамин нишасти матбуотӣ раиси ҷумҳурии Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ бо ишора ба кӯмак ва пуштибонии Амрико таъкид кард, ки мардуми ду кишвар арзишҳои муштарак доранд. Вай афзуд:

"Ҳамроҳ бо шариконамон дар Аврупову Амрико ва дар дигар ҷоҳо мо Гурҷистонро барқарор хоҳем кард. Дар оянда авлавияти муҳими ман ин аст, ки ин кишвари бузургро аз нав барқарор карда пайғомеро ба ин мазмун ба ҷаҳониён фиристем. Паёми мо ин аст, ки нури озодӣ ҳеҷ вақт дар Гурҷистон хомӯш нахоҳад шуд. Рӯҳу хости миллати ман, азми ҳукумати ман қавитар назар ба гузашта аст".

Муовини раиси ҷумҳурии Амрико Дик Чейнӣ гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида дар баробари талошҳои Гурҷистон барои пайвастан ба узвияти НАТО мутааҳҳид аст. Қабл аз сафар ба Тифлис Чейнӣ аз Озарбойҷон дидан кард.

XS
SM
MD
LG