Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афғонҳо хоҳони муҷозоти омилони кушторҳо ҳастанд


Садҳо сокинони Афғонистон имрӯз дар наздикии деҳае гирди ҳам омаданд, ки ахиран аз ҷониби нирӯҳои эътилофии ба раҳбарии Амрико бомборон шуд ва аз ҳукумат тақозои муҷозоти дастандаркорони ин амалро, ки боиси ҳалокати мардуми осоишта шудааст, пеш гузоштанд. Ҳукумати Афғонистон гуфт, ки беш аз 90 нафар, аксар занону кӯдакон дар ҳодисаи бомборони 22 август дар вулусволии Шинданди вилояти ғарбии Ҳирот ҷони худро аз даст доданд. Раиси ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай имрӯз бо хешу наздикони қурбониён мулоқот кард ва гуфт, ки бо ҳамтои амрикоиаш Ҷорҷ Буш роҷеъ ба ин ҳодиса сӯҳбате анҷом додааст. Низомиёни амрикоӣ гуфтанд, ки дар рейди мазкур 30 то 35 ҷангӣ ва на бештар аз 7 ғайринизомӣ кушта шуданд ва пешниҳоди анҷоми таҳқиқоти сеҷонибаро ҳамроҳ бо ҳукумати Афғонистон ва СММ карданд.
XS
SM
MD
LG