Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарафдорони Юшенко эътилофро тарк мекунанд


Аъзои парлумони содиқ ба раиси ҷумҳурӣ Виктор Юшенко имрӯз расман эълон карданд, ки аз ҳайати эътилофи ҳукуматӣ хориҷ мешаванд. Ин тасмим баъди муттаҳидшавии дирӯзаи ҳизби нахуствазир Тимошенко бо мухолифин ба хотири коҳиши қудрати раиси ҷумҳурӣ гирифта шуд. Ҳамакнун бояд, ки дар мӯҳлати 30 рӯз ҳизби "Украинаи мо" эътилофи нави парлумониро ташкил кунад ва ё таърихи баргузории интихоботи нав эълон хоҳад шуд. Нахуствазир Юлия Тимошенко бо ҳизбҳои мухолифин муттаҳид шуда қонунеро ба тасвиб расонд, ки қудрати ӯро тақвият дода, тавонмандиҳои қонунии раиси ҷумҳуриро заъиф мекунад. Юшенко ин иқдомро зиддиконститутсионӣ арзёбӣ кард.

XS
SM
MD
LG