Пайвандҳои дастрасӣ

Муттафиқон Русияро қисман тарафдорӣ карданд


Имрӯз вазирони хориҷаи шаш ҷумҳурии пешини шӯравӣ наздик буданд, ки ҷумҳуриҳои ҷудоиталаби Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро ба расмият шиносанд. Бо ин вуҷуд, дар изҳороти муштараки вазирони узви Созмони амнияти дастаҷамъӣ дар поёни нишаст дар Маскав зикр шуд, ки ин кишварҳо "нақши фаъоли Федератсия Русия дар самти сулҳ ва ҳамкорӣ дар Қафқоз"-ро пуштибонӣ мекунанд. Бо ишора ба вокуниши Ғарб дар изҳорот омадааст, ки рӯйдодҳои атрофи Осетияи Ҷанубӣ "хатари вуҷуди меъёрҳои дугонаро дар равобити байналмилалӣ" ба намоиш гузошт. Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия дар Маскав гуфт, ки вай куллан аз санади мазкур хушҳол аст. Фардо қарор аст дар пойтахти Русия нишасти сарони кишварҳои узви Созмони амнияти дастаҷамъӣ баргузор шавад ва дар кори он раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳам иштирок хоҳад кард. Зери Созишномаи амнияти дастаҷамъӣ соли 1992 Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбакистон имзо гузоштаанд.
XS
SM
MD
LG