Пайвандҳои дастрасӣ

Ситоиши Сандуқи байналмилалии пул аз Ироқ


Сандуқи байналмилалии пул (СБП) гуфт, ки бо беҳбудёии вазъи амниятии Ироқ ва болоравии санъати тавлид ва содироти нафт дурнамои иқтисодии ин кишвар низ дар ҳоли рушд мебошад. Гузориши мазкур ахиран дар Вашингтон, қароргоҳи ин созмон, дар пайи арзёбиҳои нахустини барномаи қарзи Ироқ дар ҳаҷми 746,3 миллион доллар нашр шуд. Муовини раҳбари СБП Такатоши Като дар як изҳороти хаттӣ гуфт, ки "баъди душвориҳои чандинсола, дурнамои иқтисодии Ироқ дар ҳоли пеш рафтан аст", аммо афзуд, ки рушди минбаъда аз аз пешравиҳои бештари амниятӣ, мудирияти хуби даромад аз фурӯши нафт ва ислоҳи сохтории идомаёбандаи низоми иқтисодӣ бастагӣ дорад.
XS
SM
MD
LG