Пайвандҳои дастрасӣ

Алишер Чингизов – соҳиби 4 медали тилло


Варзишгари тоҷик Алишер Чингизов пас аз ширкат дар Бозиҳои олимпии Пекин дар мусобиқоти қаҳрамонии шиноварии Тоҷикистон чаҳор медали тилло ба даст овард.

Ин мусобиқот бо ширкати 42 нафар аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе дар ҳавзи шиноварии шаҳри Чкаловск тӯли ду рӯз идома кард.

Алишер Чингизов дар шинои озод ба масофаҳои 50 ва 100 метр, шинои парвонӣ ё баттерфляй ба масофаи 50 метр, инчунин, дар шинои чаҳоркаса ба масофаи 50 метр ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.

Варзишгари дигари Тоҷикистон Катерина Измайлова, ки дар Олимпиадаи Пекин дар шинои озод ба масофаи 50 метр байни занон ҳунарнамоӣ карда буд, дар ин навъи рақобатҳо дар мусобиқоти қаҳрамонии кишвар соҳиби медали тилло гардид. Вай, инчунин, дар шинои брасс ба масофаи 100 метр миёни занон мақоми аввалро касб кард. Медали севуми тиллоии ин мусобиқотро Катерина дар шинои чаҳоркаса ба масофаи 50 метр ба даст овард.

Дар навъҳои дигари рақобатҳо варзишгарони шаҳри Душанбе Дмитрий Павлов (шинои брасс, 100 метр), Ситам Шаҳборозода (шинои брасс, 50 метр), Дӯстмурод Саидвалиев (шинои пуштнокӣ, 50 метр) ва Сергей Тулянов, аз вилояти Суғд (шинои озод, 200 метр) пирӯз гардиданд. Дастаи «Душанбе-1» дар шинои 4х50 метр дар ҷои аввал қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG