Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳаҷми интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбакистон ба Тоҷикистон панҷоҳ дар сад коҳиш ёфтааст. Иллаташ напардохти маблағ шарҳ дода мешавад.

Мақомоти ширкати Тоҷикгаз – ниҳоди масъули ин соҳа мегӯянд, рӯзи 3 сентябри соли равон аз «Узтрансгаз»-и Ӯзбакистон хабар расидааст, ки ба иллати напардохтани маблағи истифодаи гази табиӣ онҳо даст ба коҳиши интиқоли он задаанд. Коҳиши интиқоли гази табиӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки моҳи шарифи Рамазон идома дорад ва давлати Тоҷикистон низ барои аҳолии кишвар реҷаи маҳдуди истифода аз нерӯи барқро ҷорӣ кардааст.

Мақомоти корхонаи давлатии «Тоҷикгаз»- таъйид карданд, ки саривақт напардохтани маблағ ва ё қарз иллати аслии коҳиши панҷоҳдарсадии мизони интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбакистон ба Тоҷикистон шудааст.

Фатҳиддин Мӯҳсиддинов - раиси ширкати «Тоҷикгаз» гуфт, дар нимаи моҳи гузашта тавониста буданд бо пардохти қисме аз ин қарзҳо ҳамтоёни ӯзбаки худро барои идомаи интиқоли гази табиӣ мутақоид кунанд. Вале бархе аз корхонаҷоти саноатии кишвар, минҷумла корхонаи тавлиди сементи шаҳри Душанбе ва ширкати «Барқи тоҷик» пули истифодаи газро напардохтанд ва ин амр боис шуд, ки Тоҷикистон дар назди ҳамтоёни худ дар Ӯзбакистон бештар аз панҷ миллион доллар қарздор шавад. Ба гуфтаи ҷаноби Мӯҳсиддинов, ин дар навбати худ қарзи корхонаи «Барқи тоҷик» аст, ки 2,7 миллион доллар қарзро пардохт накарданд, зиёда аз як миллион доллар корхонаи тавлиди семент қарздор аст. Раиси «Тоҷикгаз» гуфт, аҳолӣ наздики се миллион сомонӣ қарздор аст.

Оқои Мӯҳсиддинов гуфт, ҳеҷ гуна далел ва ё ангезае дигар барои коҳиши ҳаҷми интиқоли гази табиӣ аз Ӯзбакистон ба Тоҷикистон вуҷуд надорад. Вай афзуд, дар ҳоли ҳозир, ҳукумати Тоҷикистон роҳҳои дарёфти маблағ барои баргардонидани ин қарзро ҷустуҷӯ дорад.

Зимнан, ширкати «Барқи тоҷик» - яке аз корхонаҳои бузурги саноатии кишвар аст, ки дар назди «Тоҷикгаз» қарзи бештар дорад. Аммо мақомоти ин ширкат мегӯянд, бархе аз корхонаҳои саноатии кишвар ва бавижа, корхонаи арзизи тоҷик мавсум ба «Талко» масрафи неруи барқро то кунун пурра пардохт накардааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки бар пояи иттиллои вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон,ин корхона нерӯи барқро бо баҳои арзонтарин харидорӣ мекунад. Ва ба гуфтаи масъулони ширкати «Барқи тоҷик», ин амр боис мешавад, ки ин «Барқи тоҷик» дар назди корхонаҳои дигар қарздор шавад.

Коҳиши мизони интиқоли гази табиӣ ба корхонаҷот ва аҳолӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки аз оғози моҳи равон дар Тоҷикистон реҷаи интиқоли нируи барқ тағйир ёфта, дар саросари кишвар маҳдудияти истифода аз он ҷорӣ шудааст. Аз сӯи дигар, гуфта мешавад, ин амр боиси кундӣ ва ҳатто мутаваққиф гардидани фаъолияти бархе аз корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла корхонаи сементи шаҳри Душанбе шудааст.

Бар пояи қарордоди миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, дар соли ҷорӣ Тоҷикистон аз ин кишвар наздики 650 миллион метри муккааб гази табиӣ харидорӣ хоҳад кард. Фатҳиддин Мӯҳсиддинов гуфт, то ҳамин ҳоло аз ин миқдор 350 миллион метри мукааб гази табиӣ ворид шудааст. Раиси ширкати Тоҷикгаз вобаста ба болоравии баҳои гази табиӣ дар бозори ҷаҳонӣ имкони тағйири шароити созишнома бо Ӯзбакистон ва афзоиши баҳои ин маводи сӯхтро дар соли оянда баъид намедонад. Дар ҳоли ҳозир, Тоҷикистон аз Ӯзбакистон барои ҳар як ҳазор метрии мукааб 180 доллар пардохт мекунад.

Давлати Тоҷикистон барои рафъи мушкилоти камбуди гази табиӣ дар кишвар талош дорад аз манобеъ ва захоири худ истифода кунад. Ва дар ин замина барномаҳои муштаракеро бо ширкатҳои амрикоӣ ва русӣ рӯи даст гирифтаст. Дар ҳоли ҳозир, ширкати «Тетис–Петролиум лимитед»-и Амрико ва ширкати «Газпром»-и Русия ба кашф ва истихроҷи захоири газ дар Тоҷикистон пардохтаанд. Дмитрий Медведов, раисҷумҳури Русия зимни сафари худ ба Тоҷикистон дар поёни моҳи гузашта ҷониби Тоҷикистонро итминон дод, ки то 2- 3 соли баъд ин кишвар имкони бо гази табиъии дохилӣ таъмин кардани худро пайдо хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG