Пайвандҳои дастрасӣ

Вусъатёбии ҳамлаҳои зиддиҷангиён дар Афғонистон


Як фармондеҳи нирӯҳои амрикоӣ дар Афғонистон гуфт, ки зимистони имсол артиши миллии ин кишвар ният дорад таҳоҷуми худро алайҳи шумори афзояндаи ҷангиён вусъат бубахшад. Генерал-майор Ҷефри Шлёссер, дар сӯҳбат бо Ассошейтед Пресс гуфт, ки мизони хушунатҳо дар Афғонистон моҳҳои апрелу май то 40 % густариш пайдо кардааст. Генерал гуфт, ки як сабаби афзоиши хушунатҳо дар ин аст, ки ҷангиён дар давоми зимистонҳои гузашта захираҳои аслиҳаи худро такмил кардаанд. Генерал тахмин зад, ки дар манотиқи шарқии Афғонистон аз 7 то 11 ҳазор ҷангиён мустақар ҳастанд.
XS
SM
MD
LG