Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти гумонбарон дар таркиши масҷид дар Боку


Вазорати умури дохилаи Озарбойҷон хабар дод, ки бо гумони даст доштан дар таркиш дар як масҷиди шаҳри Боку 11 нафарро боздошт кардааст. Ба гуфтаи тафтишот, ҳамаи онҳо аъзои гурӯҳҳои ифротгарои мазҳабиянд. Ҳангоми кофтукоби манзили онҳо силоҳ ва дастурҳои тарғиботии ифтротгароёна мусодира гардид. Дар инфиҷор дар масҷиди Боку, ки моҳи август ба вуқуъ пайваста буд, 2 нафар кушта ва 9 нафар маҷрӯҳ шуда буданд. Ҳамчунин, ба иттилоъи вазорат, ду нафари дигар бо гумони ташкили таркиш дар стансияи тақсими нерӯи барқ боздошт шудаанд. Он таркиш мунҷар ба ҳалокати ду нафар шуда буд.
XS
SM
MD
LG