Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маккейн расман номзади ҷумҳурихоҳон пешбарӣ шуд


Анҷумани Ҳизби ҷумҳурихоҳони ИМА, ки дар шаҳри Сент-Пол идома дорад, Ҷон Маккейнро расман номзад ба мақоми раиси ҷумҳур пешбарӣ кард. Имрӯз Ҷон Маккейн дар анҷуман барномаи худро муаррифӣ мекунад. Аз ин пеш волии Аляска Сара Пэйлин назди вакилони анҷуман суханронӣ кард ва изҳор намуд, ки пешниҳоди Маккейн барои ширкат дар интихобот ба ҳайси нойиби раисиҷумҳурро қабул дорад. Ҳизби ҷумҳурихоҳ барои нахустин бор ба ин маснад хонумро пешбарӣ кардааст.

Дар интихоботи президентии рӯзи 4 ноябри соли равон Ҷон Маккейн ва Сара Пэйлин бо довталабони курсии раисиҷумҳур аз ҳизби демократ Барак Обама ва Ҷозеф Байден рақобат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG