Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Никарагуа Осетияи Шимоливу Абхозистонро шинохт


Кишвари Никарагуа истиқлоли манотиқи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро ба расмият шинохт. Ин авввалин кишвар аст, ки дар паи низоъ дар Гурҷистон бо Русия дар як саф меистад. Президенти Никарагуа собиқ пайрави равияи марксистӣ-Даниэл Ортега дар солҳои Ҷанги Сард бо Маскав равобити наздик дошт. Ӯ иброз доштааст, ки мавқеи Русияро дастгирӣ мекунад. Венесуэла, Куба ва Беларус ҳам дар низои Гурҷистон аз Русия дастгирӣ намудаанд, вале то кунун кадом яке аз кишварҳо истиқлоли манотиқи ҷудоихоҳи Гурҷистонро эътироф накардааст.
XS
SM
MD
LG