Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Юшенко қонунгузорони украиниро исёнгар номид


Президенти Украина Виктор Юшенко мегӯяд, ӯ қурбонии кӯшиши табаддулот шудааст. Пеш аз сӯханронии президент парламенти Украина ба тарафдорӣ аз коҳиши салоҳиятҳои раисҷумҳур овоз дод. бар пояи қонуни нав барканор намудани президенти Украина осонтар шудааст.
Ҳизби президентии Украинаи мо аз эътилоф бо ҳизби сарвазир Юлия Тимошенко берун шуд, зеро тарафдорони Тимошенко бо мухолифини рӯ ба Маскав муттаҳид шуда, қонуни коҳиши салоҳиятҳои президентро ба тасвиб расонданд.
Юшенко овоздиҳии рӯзи сешанберо кӯшиши бунёди "диктатураи сарвазир" унвон дод.
Тимошенко, ки соли 2004-ум ҳамроҳ бо Юшенко инқилоби норанҷиро пеш бурдааст, ба ҳизби Украинаи мо пешниҳод кард, ки ба эътилофи рӯ ба Ғарб баргардад. Тимошенко ҳам мисли Юшенко аз раҳбарони инқилоби норанҷии соли 2004-ум мебошад. Ӯ дар муроҷиаташ аз ҳизби Юшенко даъват кард, ки дар давоми 10 рӯз ба эътилофи ҳоким баргардад.

XS
SM
MD
LG