Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дик Чейнӣ дар Боку бо Илҳом Алиев мулоқот кард


Дик Чейнӣ-муовини раиси ҷумҳури Амрико имруз дар Боку-пойтахти Озарбойҷон гуфт, Амрико шадидан алоқаманди беҳбудии муттаҳидонаш дар Қафқоз аст. Вай ин нуктаро дар Боку дар нишасти хабарии муштарак бо Илҳом Алиев-раиси ҷумҳури Озарбойҷон изҳор дошт. Оқои Чейнӣ, ки дар нахустин марҳалаи боздидаш аз чанд кишвари Шуравии собиқ вориди Озарбойҷон шуд, аз Руссия барои ҳузури нируҳояш дар Ққафқоз сахт интиқод кард. Вай аз Озарбойҷон ба Гурҷистон ва аз он ҷо ба Укроин меравад. Ҳукуматҳои Гурҷистон ва Укроин аз сиёсатҳои Ғарб ҷонибдорӣ мекунанд ва Маскав барои талошҳои узвияташон дар паймони НАТО бо онҳо мухолифат дорад. Бино ба гузоришҳо, қарор аст имруз Амрико барои бозсозии харобаҳои ҷанг дар Гурҷистон кумаки як милярд долларӣ эълон кунад.
XS
SM
MD
LG