Пайвандҳои дастрасӣ

Дар ҷашнвораи II байнулмилалии театрҳои драмавии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Алмаато ду намоишномаи коргардонҳои тоҷик ба саҳна гузошта хоҳанд шуд.

Инҳо намоишномаи нависанда ва дромнависи озарбойҷонӣ Али Амирлӣ бо номи «Зани сарватманд», ки онро коргардон Султон Усмонов дар саҳнаи Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба саҳна гузоштааст ва дигарӣ намоишномаи дромнависи қирғиз Озбеков «Ман ягонаи туам», ки онро коргардон, ҳунарпешаи шинохтаи ҷумҳурӣ Бурҳон Раҷабов дар Театри мазҳакаву мусиқии Қӯрғонтеппа ба номи Ато Муҳаммадҷонов рӯи саҳна овардааст.

Ҷашнвораи II байнулмилалӣ шоми 2 сентябр дар Театри опера ва балети ба номи Абой ботантана оғоз гардид. Тайи чаҳор рӯз ҳунарпешагони чаҳор театри Қазоқистон, ду театри Тоҷикистон ва яктогӣ театрҳои Қирғизистону Узбакистон маҳорату ҳунари хешро дар саҳнаҳои Театри дроми ба номи Мухтор Авезов ва Театри тамошобини навраси шаҳри Алмаато намоиш медиҳанд.

Ҳунарнамоии ҳунарпешагони тоҷик рӯзи 5 сентябр баргузор мегардад. Дар нимаи аввали рӯз ҳунарпешагони Театри мазҳакаву мусиқии шаҳри Қӯрғонтеппа дар Театри тамошобини наврас намоишномаи «Ман ягонаи туам»-ро пешкаши дӯстдорони ҳунар мегардонанд. Бегоҳии он рӯз дар Театри дроми ба номи Мухтор Авезов намоишномаи Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов бо номи «Зани сарватманд» баргузор мегардад.

Тавре Айгул Ҷумъабоева, корманди вазорати фарҳанги ҷумҳурии Қазоқистон, гуфт, барои ғолибони озмун, аз ҷумла барои коргардони беҳтарин, офарандаи нақши беҳтарини мардона ва беҳтарин офарандаи нақши занона ҷоизаҳо муайян гардидааст. Ин ҷоизаҳо шоми 6 сентябр дар маросими ботантанаи хатми ҷашнвораи II байнулмилалии театрҳои дроми кишварҳои Осиёи Марказӣ супорида хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки нахустин ҷашнвораи байнулмилалии театрҳои дроми Осиёи Марказӣ дар Алмаато ду сол қабл доир шуда буд ва дар он ба ҷузъ ҳунарпешагони кишварҳои минтақа ҳамчунин аҳли ҳунари Озарбойҷон ва ҷумҳурии мухтори Тотористони Русия низ ширкат доштанд.

XS
SM
MD
LG