Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи фаъолияти сафорати Русия дар Тифлис


Ба дунболи қатъ шудани фаъолияти сафоратхонаи Гурҷистон дар Маскав, сафорати Русия дар Тифлис низ баста шуд.

Рӯзи чоршанбе парчам ва нишони давлатии Русияро аз пештоқи дари сафоратхонааш дар Тифлис канданд ва сухангӯи ин сафорат Александро Савонов гуфтааст, фаъолияти консулхонаҳои Русия дар Гурҷистонро низ то расидани дастурҳои баъдӣ аз Маскав, қатъ кардаанд.

Гурҷистон дар пайи ишғоли бахше аз қаламраваш аз сӯи Русия ва аз ҷониби Маскав ба расмият шинохта шудани Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ - ду вилояти ҷудоиталаби Гурҷистон, рӯзи сешанбе расман эълон кард, ки равобити дипломатиаш бо Русияро қатъ мекунад. Аммо вазорати хориҷаи Гурҷистон гуфтааст, ба хотири расидагӣ ба ниёзмандиҳои садҳо ҳазор гурҷие, ки дар Русия ба сар мебарад, равобити консулӣ бо Русияро ҳифз мекунад.

Рӯзи чоршанбе парлумони Аврупо шадидан аз Русия тақозо кард, бар тааҳҳудоташ тибқи қарордоди оташбас амал карда, нирӯҳояшро аз хоки Гурҷистон пурр ва билофосила берун кашад.

Парлумони Аврупо ҳамчунин хостори коҳиш додани шумори нерӯҳои русӣ дар вилоятҳои ҷудоиталаби Абхозистону Осетияи ҷанубӣ шуда, даст ба ғоратгарӣ задани сарбозони рус ва чирикиҳои абхозу осетинро дар қаламрави Гурҷистон маҳкум кардааст. Мояи дигари интиқодҳои парлумони Аврупо истифодаи ҳарду ҷониби Русия ва Гурҷистон аз бомбҳои хӯшаӣ дар ҷараёни низоъи ахири байни ин ду кишвар будааст.

Ва Маунт Витни, севвумин киштии низомии ҳомили кӯмакҳои Амрико ба қасди Гурҷистон вориди Баҳри Сиёҳ шуд. Ин дар ҳолест, ки сарвазири Русия Владимир Путин рӯзи сешанбе аз ҳузури афзояндаи киштиҳои ҷангии паймони НАТО дар обҳои баҳри Сиёҳ изҳори ташвиш карда, гуфтааст, Маскав ин иқдомотро бидуни посух нахоҳад гузошт.

НАТО, ки тамосҳои доимияш бо Русияро то замони хуруҷи нирӯҳои он кишвар аз қаламрави Гурҷистон мутаваққиф сохтааст, рӯзи 15 сентябр як ҳайъати густардаи иборат аз намояндагони 26 кишвари узви ин паймонро таҳти раҳбарии дабири кулли НАТО Яап де Ҳуп Схеффер барои як сафари дурӯза ба Гурҷистон мефиристад.

Бо вуҷуди мухолифати шадиди Маскав, ин паймон гуфтааст, ки Гурҷистон рӯзе узви ин паймони низомӣ хоҳад шуд. Бо ин ҳол, ҳамтои гурҷиаш Михаил Саакашвилиро “ҷасади сиёсӣ” ном бурдани раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев хашми Тифлисро барангехтааст. Медведев рӯзи сешанбе дар як мусоҳиба бо хабарнигорон гуфт: “Дар мавриди раҳбарияти Гурҷистон: Режими кунунӣ дар назари мо варшикаста шудааст. Раисиҷумҳур Михаил Саакашвили барои мо вуҷуд надорад. Ӯ ҷасади сиёсист”.

Дмитрий Медведев ҳамчунин Амрикоро дар ҳимоят аз таҷовузи Гурҷистон алайҳи Осетияи Ҷанубӣ дар моҳи август муттаҳам кард ва аз Вошингтон хост, равобиташ бо Тифлисро бозбинӣ кунад. Аз оғози низоъи низомӣ байни Гурҷистону Русия бори аввал нест, ки Маскав Вошингтонро дар ҳимояти аланиву ғайриаланӣ аз Тифлис айбдор мекунад ва ин бор ин иттиҳомот аз сӯи раисиҷумҳури Русия дар пешорӯи сафари ноиби раисиҷумҳури Амрико Дик Чейни ба Тифлис садо доданд.

Раҳбари Шӯрои амнияти миллии Гурҷистон Александр Ломая аммо дар сӯҳбат бо Франс Пресс ин ҳарфҳои Медведевро “хеле таассуфбарангез” ва “ғариқобилиқабул” номида, гуфтааст, Медведев назорати худро аз даст додааст. Александр Ломая гуфт, Саакашвили раҳбари ба таври демократӣ интихобшудаи Гурҷистон аст ва пуштибонии ҳам мардуми гурҷӣ ва ҳам ҷомиаи байналмилалиро ҳифз кардааст.

Рӯзи чоршанбе додситонии низомии Русия эълон кард, ки дар ҷараёни низоъи ахир бо Гурҷистон 71 сарбози артиши Русия кушта ва 340 аскари дигар захмӣ шудаанд. Русия то кунун ҳалокати танҳо 64 сарбозаш дар Гурҷистонро таъйид карда буд.

XS
SM
MD
LG