Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯиқасд ба нахуствазири Покистон


Мақомоти расмии Покистон мегуянд, имрӯз ба суи автомобили Юсуф Ризо Гелонӣ-нахуствазири ин кишвар тирандозӣ сурат гирифтааст. Онҳо мегӯянд, ин тирандозӣ талоши сӯиқасд ба ҷони нахуствазир будааст. То ҳол рӯшан нашудааст, ки нахуствазир Гелонӣ савори ин мошин будааст ё хайр. Талоши сӯиқасд дар роҳи байни Исломобод ва Равалпиндӣ анҷом гирифтааст. Гелонӣ аз аъзои аршади ҳизби Беназир Бҳуттост, ки моҳи декабри соли гузашта дар сӯиқасде кушта шуд.
XS
SM
MD
LG