Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мухолифони ҷалби донишҷӯён ба пахта


Кӯдакон ва ҷавонон на танҳо дар чиниш, балки дар парвариши пахта низ ширкат мекунанд.

Кӯдакон ва ҷавонон на танҳо дар чиниш, балки дар парвариши пахта низ ширкат мекунанд.

Созмонҳои ҷамъиятии Хуҷанд, «Ҷавонон ва тамаддун» ва «Ампаро» бо муроҷиат ба раиси вилояти Суғд ва раҳбарони макотибӣ олӣ хостори манъи ҷалби ғайриқонунии донишҷӯён ба пахтачинӣ шуданд.

Созмонҳои ҷамъиятӣ аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки донишҷӯёни Суғд бо амри мақомот ҳамасола яку ним - ду моҳ вақти таҳсили худро сарфи пахтачинӣ мекунанд. Ба гуфтаи созмонҳо, барои ин кор маъмурияти макотиби олӣ аз фишангҳои мухталиф, то аз донишгоҳ рондани донишҷӯёни саркаш, кор мегиранд.

Созмонҳои ҷамъиятии Хуҷанд дар муроҷиатномаи худ хостаанд имсол мақомот ба истифодаи нерӯи донишҷӯён дар ҷамъоварии пахта хотима бахшанд.

Дар муроҷиатномаи созмонҳои ҷамъиятии Суғд , аз ҷумла «Ҷавонон ва тамаддун» ва «Ампаро» омадааст, ки иштироки иҷбории донишҷӯён дар маъракаи ҷамъоварии пахта мухолиф ба қонунҳои Тоҷикистон буда , онҳоро аз таҳсил дур ва сиҳаташонро хароб мекунад. Абдусамад Султонов – сарвари созмони «Ҷавонон ва тамаддун» , яке аз созмонҳои муаллифи муроҷиат мегӯяд, истифодаи нерӯи донишҷӯён на танҳо як амали алайҳи қонун, балки зидди ахлоқӣ ҳам ҳаст. Барои он ки донишгоҳҳо аз донишҷӯён барои таҳсил маблағи калон мегиранд , вале онҳоро ҳар сол ду моҳ ба пахтазор меронанд ва ҳамин тавр, донишҷӯён дар панҷ соли давраи таҳсил як сол аз хониш барканор мемонанд.

Дар соли гузаштаи 2007 беш аз ҳафт ҳазор донишҷӯи мактабҳои олӣ ва омузишгоҳҳои касбиву техникии Суғд маҷбуран зиёда аз 70 рӯзро дар шароити баду ногувор сарфи ҷамъоварии пахта намуданд. Вале Олимҷон Зоидов – корманди раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҳукумати Суғд бар ин мувофиқ нест, ки иштироки донишҷӯён дар маъракаи чиниши пахта бидуни ихтиёри онҳо сурат мегирад. Ба гуфтаи вай , пахта як боигарии асосии давлати Тоҷикистон маҳсуб меёбад ва донишҷӯён ҳарсола бо хоҳиши худ дар ҷамъоварии он ширкат меварзанд ва касе онҳоро маҷбур намекунад.

Вале масъулини созмони «Ампаро» мегӯянд, ки макотиби олии Суғд дар гусели донишҷӯён ба саҳрои пахта аз фишангҳои мухталиф кор мегиранд, то хориҷ кардани онҳо аз донишгоҳ. Дилрабо Самадова – сарвари созмони мазкур мегӯяд, дар соли гузашта бо амри ректорҳо 56 донишҷӯи макотиби олӣ, ки нахостанд ба пахтачинӣ раванд, аз донишгоҳҳо хориҷ карда шуданд. Ӯ мегӯяд, инчунин, аз бархе донишҷӯёни саркаш маъмурияти донишгоҳҳо ба тариқи ҷарима маблағҳое гӯё барои ободонӣ ва таъмири биноҳои таълимӣ ситонид.

Дар ин иртибот Рустам Гулов – донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи ҳуқуқ , тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон дар Хуҷанд мегӯяд, ки дар донишгоҳаш барои ҷазои донишҷӯёни аз пахтачинӣ канораҷуста аз ҷазоҳои хосе кор мегирад.

Вале як донишҷӯдухтаре, ки аз муроҷиатномаи созмонҳои ҷамъиятӣ (дар бораи манъи ҷалби донишҷӯён ба пахтачинӣ ) истиқбол кардааст, мегӯяд, ҳамовозии ӯ ба хотири ҳифзи сиҳати донишҷӯён, ба хусус духтарони донишҷӯ аст, ки пахтачинии дурудароз ва будубош дар бошишгоҳҳои саҳроии бидуни оддитарин шароит саломатӣ ва ояндаи онҳоро зери хатар мегузорад.

XS
SM
MD
LG