Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо тундрави Толиб дар Афғонистон кушта шудаанд


Бино ба гузоришҳо, дар вилояти Зобули Афғонистон дар задухурде бо низомиёни афғон ва нируҳои хориҷӣ 32 нафар аз тундравони Толиб кушта шудаанд. Ғулом Ҷейлонихон-фармондеҳи пулиси ин вилоят гуфтааст, дар ҷараёни ин заду хурд 22 Толиб ва 7 араб, ки дар маҳале бо номи Навбаҳор меҷангиданд, кушта шудаанд. Муҳаммад Ҳусейн Андивол-фармондеҳи пулиси вилояти Ҳилманд низ гуфтааст, 10 нафар тундрави дигар рузи сешанбе дар вулусволии Надалӣ дар даргириҳо ба қатл расидаанд
XS
SM
MD
LG