Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Русия ва Гурҷистон сафоратхонаҳояшонро бастанд


Русия ва Гурҷистон сафоратхонаҳояшонро дар кишварҳои якдигар бастанд. Баъд аз тасмими Гурҷистон дар бораи қатъи муносиботи дипломатӣ бо Руссия ин кор анҷом гирифт. Александр Савонов-сухангӯи сафорати Русия дар Тифлис ба хабаргузории Франс Пресс гуфтааст, консулгарии Русия низ бо дастури Маскав баста шудааст. Рӯзи сешанбе Гурҷистон ба таври расмӣ эълон кард, ки баъд аз шинохти ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳи Абхозистон ва Осетиёи Ҷанубии Гурҷистон аз суи Русия Гурҷистон муносиботи дипломатиашро бо Русия қатъ мекунад. Аммо вазорати хориҷаи Гурҷистон мегуяд, фаъолияти консулгариашро идома медиҳад, то ба садҳо ҳазор гурҷии муқими Русия кумак кунад.
XS
SM
MD
LG