Пайвандҳои дастрасӣ

Куштори ду рузноманигор дар як ҳафта дар Қафқоз


Абдуллоҳ Алишаев-рузноманигори маъруфи Руссия аз захме, ки дар ҷараёни ҳамла ба ҷонаш дар шаҳри Махачқалъаи Доғистон бардошта буд, даргузашт. Пулис мегуяд, ду шахси номаълуми мусаллаҳ рузи сешанбе ҳангоме, ки Абдуллоҳ дар мошин нишаста буд, ба суяш оташ кушодаанд. Алишаев дар Доғистон ба унвони рузноманигори мухолифи исломи тундгаро маъруф буд. Вай дуввумин рузноманигорест, ки аз рузи якшанбе ба ин су дар Қафқоз ҳадафи тир қарор гирифтааст. Рузи якшанбе Муҳаммад Евлоев дар боздоштгоҳи пулиси Ингушетиё аз захми тир даргузашт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG