Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

4 зани мудофеъи ҳуқуқ дар Эрон зиндонӣ мешаванд


Бино ба гузоришҳои расида, Эрон чаҳор зани фаъоли ҳуқуқи башарро барои мақолае дар сомонаи интернетии занон бо номи "Занистон" шаш моҳ маҳкум ба зиндон кардааст. Ин чаҳор зан бо номҳои Парвин Ардалон, Ҷилва Ҷавоҳирӣ, Марям Ҳусейнхоҳ ва Ноҳид Кишоварз дар маъракае барои ҷамъоварии як милён имзо ширкат доштанд. Ҳадаф аз ҷамъоварии як милён имзо беҳбуди вазъи ҳуқуқи зан дар Эрон будааст. Парвин Ардалон-яке аз ин занон мумкин аст барои шаш моҳи дигари зиндон маҳкум шавад. Вайро барои ворид овардани садама ба амнияти миллӣ гунаҳгор медонанд.
XS
SM
MD
LG