Пайвандҳои дастрасӣ

Турбина ба сарбанди Ҳилманд расонида шуд


Сарбозони Британия дар Афғонистон турбинаи 200-тоннагиро ба сарбанди об дар вилояти ҷанубии Ҳилманд интиқол доданд. Турбина аз манотиқи таҳти назорати Толибон убур намудааст.
Ин яке аз бузургтарин амалиёти нақлиётӣ дар ҳафт соли гузашта дар Афғонистон аст.
Истифодаи турбина имкон медиҳад, ки ҷануби Афғонистон аз нерӯи барқ баҳраманд шавад.
Мансабдорон мегӯянд, корвони иборат аз 100 василаи нақлиётии НАТО дар давоми панҷ рӯз турбинаро ба обанбари Каҷакӣ интиқол додааст. Корвонро чархболҳо ва гурӯҳҳои махсуси ҳарбӣ ҳамроҳӣ кардаанд. Ба гуфти мансабдорон дар роҳ камаш 250 толиби силоҳбадасъ кушта шуданд.
дар ин амалиёт тахминан 4000 сарбози Британия, ИМА, Канада, Дания, Австралия ва сарбозони афғон ширкат варзидаанд.
Сарвазири Британия Гордон Браун мегӯяд, ин амалиёт шаҳодати он аст, ки ҳадафи НАТО дар Афғонистон қабл аз ҳама танзими рушди дарозмуддати ин кишвар мебошад.

XS
SM
MD
LG