Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гурҷистон шарҳи Медведевро риққатовар номидааст


Мансабдори воломақоми Гурҷистон бар зидди шарҳи президенти Русия Дмитрий Медведев, ки раисҷумҳури Гурҷистон Михеил Саакашвилиро "ҷасади сиёсӣ" номидааст, садо баланд кард.
Раиси Шӯрои амнияти миллии Гурҷистон Александр Ломая мегӯяд, шарҳи Медведев комилан риққатовар ва ғайри қобили қабул
мебошад. Ломая мегӯяд, ки Медведев "назоратро аз даст додааст".
Ба қавли Ломая Саакашвилӣ президенти аз роҳи демократӣ интихобшуда аст ва мардуми Гурҷистону ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ӯ пуштибонӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG