Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев: Русия аз ихроҷ хавф надорад


Президенти Русия Дмитрий Медведев мегӯяд, Маскав хавф надорад, ки баҳъзеҳо мехоҳанд бо ишора ба бӯҳрони Гурҷистон ин кишварро аз гурӯҳи ҳашт давлати саноатии олам маъруф бо номи G-8 хориҷ кунанд. Медведев гуфт, дар рафти маъракаи пешазинтихоботии президенти ИМА чунин пешниҳод матраҳ шудааст.
Дар сӯҳбат бо телевизиони Италия Медведев изҳор намуд, ки агар паймони НАТО равобиташ бо Русияро мутаваққиф намояд, дар муқоиса НАТО манфиати бештар аз даст хоҳад дод.
Медведев президенти Гурҷистон Михеил Саакашвилиро "ҷасади сиёсӣ" номида, афзуд, ки Маскав ӯро раҳбари Гурҷистон намешуморад.

XS
SM
MD
LG