Пайвандҳои дастрасӣ

Русия аз таъхири музокирот нороҳат аст


Русия аз қарори таъхири музокироти созиши нави ҳамкориҳои Иттиҳодияи Аврупову Русия, ки дар нишасти раҳбарони кишварҳои узви ин созмон қабул шудааст, таассуфи амиқ иброз дошт. Дар Маскав сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Русия Андрей Нестеренко гуфт:
"Мо аз тасмими таваққуфи музокироти созиши нави ҳамкориҳо мутаассиф ҳастем. Ҳол он, ки дар тӯли ду соли гузашта мо одат кардаем, ки арзёбии ин санад бо ҳар баҳонаи сохта ба таъхир гузошта мешавад. Мо ҷонибдори имзои ин созиш ҳастем, ҳамон тавре ки Иттиҳодия ҳам ба он эҳтиёҷ дорад."
Дар айни замон Нестеренко изҳори хушҳолӣ намуд, ки Иттиҳодияи Аврупо мавқеи бомасъулият ихтиёр намуда, даъватҳои ҷорӣ намудани таҳрими Русияро рад кард.
Рӯзи душанбе раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо бо ишора ба низои Русияву Гурҷистон таъкид карданд, ки қабл аз оғози музокирот Русия бояд нерӯҳояшро ба мавқеъҳое баргардонад, ки то 7-уми август ишғол намуда буд.
Иттиҳодияи Аврупо эътирофи истиқлоли манотиқи ҷудоихоҳи Осетияи Ҷанубиву Абхозистони Гурҷистон аз тарафи Маскавро маҳкум кард.
Раиси даврии Иттиҳодияи Аврупо президенти Фаронса Николас Саркозӣ тасмим гирифтааст 8-уми сентябр аз Маскав зиёрат кунад.
Гурҷистону ИМА аз мавқеъгирии Иттиҳодияи Аврупо дар муқобили Русия хушҳоланд.

XS
SM
MD
LG