Пайвандҳои дастрасӣ

Эътилоф куштори 90 афғони осоиштаро рад кард


Эътилофи байналмилалии зери раҳбарии ИМА дар Афғонистон мегӯяд, бар пояи таҳқиқи ин ниҳод маълум шуд, ки дар байни 90 қурбонии ҳамлаи ҳавоӣ ҳамагӣ ҳафт нафар афроди ғайринизомӣ будаанд. Ин натиҷагирӣ мухолифи хулосаи комиссияи давлатии Афғонистон аст, ки мегӯяд, 22 август бар асари ҳамлаи ҳавоӣ болои деҳаи Азизободи вилояти Ҳирот 90 фарди осоишта ва аксаран кӯдакон ба ҳалокат расидаанд. СММ хулосаи ҳукумати Афғонистонро тасдиқ кардааст. Президенти Афғонистон Ҳомиди Карзай ин ҳодисаро бо лаҳни шадид макум кард.
XS
SM
MD
LG